АНМН: Пешгирии интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир ба Русия

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе нашъаҷаллобонро бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти амалиёт дар канори пойтахт автомашинаи “Опел-Вектра” таҳти идораи сокини шаҳри Кӯлоб боздошт гардид. Дар дохили автомашина ҷинояткорони эҳтимолӣ қарор доштанд. Ҳангоми кофтукови […]

ASIA-Plus



Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе нашъаҷаллобонро бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти амалиёт дар канори пойтахт автомашинаи “Опел-Вектра” таҳти идораи сокини шаҳри Кӯлоб боздошт гардид. Дар дохили автомашина ҷинояткорони эҳтимолӣ қарор доштанд.

Ҳангоми кофтукови автомашина дар бордони он 2 халтаи биринҷ дарёфт гардид, ки дар дохили он бастаҳои скотпеч пинҳон карда шуда буданд.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судӣ муайян намуданд, дар дохили халтаҳо героин бо вазни 9 кг ва гашиш бо вазни 18 кг мавҷуд буд. Вазни умумии бор 27 килограммро ташкил менамояд.

Ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки ронандаи автомашина бо ҳаммаслаки худ – сокини ноҳияи Панҷ аз сокини вулусволии Имом-Соҳиби вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маводи нашъаоварро харидорӣ намуданд ва ният доштанд, ки онро ба вилояти Суғд, баъдан ба қаламрави Федератсияи Россия интиқол диҳанд, аммо сари вақт аз тарафи кормандони Агентӣ боздошт гардиданд.

Айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ, ки интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба роҳ монда буданд, чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Автомашинаи боркаши «Xingchang» ва «Опел-Вектра» айни ҳол ҳабс гардидаанд. Боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

Масъалаи боздошти шаҳрванди Афғонистон ҳоло бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳал шуда истодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.