Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид имрӯз намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) Си.Си.Ю.-ро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин бонк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷонибҳо сатҳи ҳамкории тарафайнро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки соли 2015 БОР ба Тоҷикистон асосан дар самти рушди бахши хусусӣ, такмил ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвар, рушди роҳҳои оҳан ва захираҳои обӣ кумаку мусоидат хоҳад кард.
«Дар ҷараёни мулоқот миёни ҷонибҳо атрофи масоили омода намудани барномаи нави панҷсолаи ҳамкорӣ миёни БОР ва Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки мавриди таҳия қарор дорад, табодули назар судманд сурат гирифт», – гуфт Муҳиддинов.



