Мулоқоти муовини аввали нахуствазир бо намояндаи доимии БОР

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид имрӯз намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) Си.Си.Ю.-ро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин бонк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷонибҳо сатҳи ҳамкории тарафайнро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид […]

ASIA-Plus



Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид имрӯз намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) Си.Си.Ю.-ро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин бонк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷонибҳо сатҳи ҳамкории тарафайнро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки соли 2015 БОР ба Тоҷикистон асосан дар самти рушди бахши хусусӣ, такмил ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвар, рушди роҳҳои оҳан ва захираҳои обӣ кумаку мусоидат хоҳад кард.

«Дар ҷараёни мулоқот миёни ҷонибҳо атрофи масоили омода намудани барномаи нави панҷсолаи ҳамкорӣ миёни БОР ва Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки мавриди таҳия қарор дорад, табодули назар судманд сурат гирифт», – гуфт Муҳиддинов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.