Масъалаи озодии марзбонони асирафтодаи тоҷик ҳалношуда боқӣ монд



Масъалаи озодии чор нафар хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, ки нимаи дуюми моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби ҳаракати «Толибон» ба асорат гирифта шуда буданд, то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ дар ин робита хабар дод, ҷониби Тоҷикистон оид ба ин масъала бо ҳукумати Афғонистон доимо дар тамосу гуфтушунид аст, лекин афроди марзбононро асиргирифта алҳол ҳеҷ шарту талабе пеш нагузоштанд. «Раҳбарияти нерӯҳои марзбонӣ мунтазам бо падару модарон ва наздикони марзбонони асирафтода вохӯриҳо гузаронида, аз нигоҳи маънавӣ онҳоро дастгирӣ мекунад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки 20-уми декабри соли гузашта марзбонон Фарҳод Калонови 17-сола, Меҳроҷ Шодиеви 20-сола, Сироҷ Давлатови 23-сола ва Тӯйчибек Нурбоеви 18-сола ба асорат гирифта шуданд. Ҳамаи онҳо дар қисми низомии 2610-и дастаи марзбонии Панҷ адои хизмат мекарданд.

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа нисбати муовини сардори дастаи марзбонии Панҷ Алимуҳаммад Додокалонов

парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Рӯзи 22-юми декабри соли гузашта роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Қундузи Афғонистон саҳеҳияти маълумоти рабуда шудани марзбонони тоҷикро мавриди санҷиш қарор додааст, вале баъди ин департаменти иттилооти ВКХ ҶТ доир ба ин масъала ҳеҷ маълумоти дигаре пешниҳод накард.

Дар ҳамин ҳол, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммад Ҷаъфаров санаи 22-юми декабр дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» далели ба асорат гирифтани марзбонони тоҷикро рад кард.

Субҳи рӯзи 22-юми декабр як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс»  ба асорат афтодани марзбонони тоҷикро тасдиқ намуда, таъкид дошт, ки ба таҳқиқи ҳодиса мазкур Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ машғул аст.

spot_imgspot_img

Популярное