Гиромидошти Инқилоби исломии Эрон дар Душанбе (аудио)

Шоми 11-уми феврали соли 2015 дар шаҳри Душанбе 36-уми солгарди Инқилоби исломии Эрон ҷашн гирифта шуд. Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ зимни табрик аз солгарди Инқилоби исломӣ гуфт: “Инқилоби исломии Эрон бо сарнагунии ҳукумати вобаста ва фосиди паҳлавӣ низоми мардумсолори ҶИЭ-ро ҷойгузини низоми салтанатӣ кард. Ва дар меҳани азизи мо собиқаи тамаддунии ҳазорсола таҳаввулоти […]

Аҳлиддин Салимов

Шоми 11-уми феврали соли 2015 дар шаҳри Душанбе 36-уми солгарди Инқилоби исломии Эрон ҷашн гирифта шуд.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ

зимни табрик аз солгарди Инқилоби исломӣ гуфт:

“Инқилоби исломии Эрон бо сарнагунии ҳукумати вобаста ва фосиди паҳлавӣ низоми мардумсолори ҶИЭ-ро ҷойгузини низоми салтанатӣ кард. Ва дар меҳани азизи мо собиқаи тамаддунии ҳазорсола таҳаввулоти шигифт ва пешрафтҳои ҳамаҷонибаву чашмгиреро эҷод кард”.

Фағонӣ ишора ба таҳримҳо алайҳи Эрон гуфт, новобаста аз се даҳаи таҳримҳои золимона, Эрон тавониста муқовитарин иқтисоди ҷаҳонро шакл диҳад ва нафақат ба пойи худаш биистад, балки қуллаҳои тараққиро яке пас аз дигареро фатҳ  кунад.  


Сироҷидин Аслов

, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни табрик аз сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати солгарди Инқилоби исломӣ гуфт:  “

То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон беш аз сад санади муҳими ду ҷониба ба имзо расиданд. Сурату мазмуни тоза пайдо кардани ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтумонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ нишонаи возеҳи равобити муваффақони Тоҷикистону Эрон аст”.


Муъмин Қаноат

, шоири шинохтаи тоҷик роҷеъ ба ҷойгоҳи Инқилоби исломӣ дар Эрон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфт:

“Агар Инқилоби исломӣ амалӣ намешуд шояд, ки Эрон аз рӯйи дидгоҳи кишварҳои арабию кишварҳои ҳамсояашон ба панҷ қисм таҷзия мешуд. Ин дар барномаҳои сафарҳои кишварҳои арабӣ мекардам ин барнома он ҷо тарроҳӣ шуда буд.   Инқилоби исломӣ таҷзияи Эронро аз байн бурд ва якпорчагии Эронро нигоҳ дошт. Сиёсати имрӯзии Эрон сиёсати замони Имом Хумайнӣ ҳам нест, навтар аст”.

Инқилоби исломии Эрон ҳамасола дар давоми ҳафтаи аввали моҳи феврал  (22 баҳман) ҷашн гирифта мешавад. 36 соли қабл дар пайи як инқилоб дар феврали соли 1979 дар Эрон тахти шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ сарнагун шуда, заминаи рӯи кор омадани низоми ҷумҳурии исломӣ ба роҳбарии Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ фароҳам гардид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.