Дар қабулгоҳи Қазон 20 тоҷикистонӣ истирдод ба ватанро интизоранд

Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳамроҳ бо раиси ташкилоти ҷамъиятии автономияи тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Қазони Русия боздид намуданд. Котиби матбуоти намояндагии мақомоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо сардори […]

ASIA-Plus



Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳамроҳ бо раиси ташкилоти ҷамъиятии автономияи тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Қазони Русия боздид намуданд.

Котиби матбуоти намояндагии мақомоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо сардори маркази мазкур Руслан Садреев маълум шудааст, ки дар ин қабулгоҳ 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки бинобар сабаби қонуншиканиҳои маъмурӣ нисбаташон қарори хориҷ кардан аз Русия содир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, корманди намояндагӣ ҳамчунин бо шаҳрвандони тоҷики дар ин қабулгоҳ қарордошта суҳбат ороста, аён шудааст, ки 4 нафари онҳо умуман ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд ва расидани ҳуҷчатҳои зарурӣ аз хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русияро мунтазиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.