Боздиди муовини нахуствазир аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 11-уми феврал аз майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуда, бо рафти корҳои сохтмону барқароркунӣ дар иншооти мазкури гидроэнергетикӣ шинос шуд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо раҳбарият ва бинокорони иншоот ба муовини нахуствазир маълумот дода […]

Аваз Юлдошев



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 11-уми феврал аз майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуда, бо рафти корҳои сохтмону барқароркунӣ дар иншооти мазкури гидроэнергетикӣ шинос шуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо раҳбарият ва бинокорони иншоот ба муовини нахуствазир маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмону барқароркунӣ мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷараён доранд.

«Зимни машварати корӣ бо иштироки коршиносону лоиҳакашон ва бинокорон Азим Иброҳим ба раҳбарияти ташкилоту идораҳои машғул ба кор дар иншоот ва шахсони масъул дастур дод, ки ба корҳои сохтмону барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» суръати бештар бахшида шавад», – қайд кард Муҳиддинов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.