Ховаршиноси олмонӣ унвони ифтихории профессори ДДХ-ро дарёфт



Донишманди маъруф, ховаршинос ва муҳаққиқи адабиёти тоҷик дар Аврупо Александр Ҳайзер тибқи қарори ҷаласаи Шўрои олимони донишгоҳ унвони ифтихории профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарёфт.

Бино ба маълумоти маркази иттилоот ва таҳлили раёсати ДДХ, мавсуф дар донишгоҳи номбурда фаъолияти босамаре ба анҷом расонида, айни замон ҳамчун шахсияти дўстдори фарҳангу адабиёти миллии тоҷикон дар кишвари Олмон ба таблиғи дастовардҳои фарҳангии кишвари мо машғул аст.

Дар муддати зиёда аз 20 соли охир дар маҷаллаҳои илмии Аврупо ва кишварҳои дигари хориҷӣ мақолоти фаровоне дар мавриди тарҷумаи осори классикони форсу тоҷик дар Аврупо ва нусхаҳои хаттӣ, аз таърихи таҳқиқи осори адабиёти форсу тоҷик чандин мақолаҳои илмӣ интишор намуда, ба ин васила дар таҳқиқу баррасии дастовардҳои адабиёти миллии мо, инчунин таблиғи фарҳанг ва адабиёти тоҷик хидматҳои шоёне ба сомон расонидааст. Дар меҳвари баррасиҳои илмии ин донишманди соҳибном адабиёти тоҷик дар Аврупои Ғарбӣ дар асрҳои шонздаҳ ва нуздаҳ ва адабиёти тоҷик дар Русияи ҳамин асрҳо қарор дорад.

Дар зимни ин таҳқиқот пеш аз ҳама масъалаи таваҷҷўҳи пажўҳишгарони Аврупо ва донишмандони ин қора ба адабиёт ва фарҳанги миллии мо ҷой гирифтааст, ки ба таври кулли тоҷикшиносии Ғарбро дар фосилаи зиёда аз панҷ аср фаро мегирад. Бахусус, баррасии таъсири адабиёти тоҷик бар сурудаҳои шоирони англис, мабоҳиси адабиёт ва фарҳанги забони Сомониён дар «Девони Шарқӣ-Ғарбӣ»-и Ҳуте, сарнавишти адабии Рўдакӣ дар Олмон, нахустин санадҳои тарҷумаиҳолии Фирдавӣ дар Аврупо, достонҳои марбут ба Хайём дар Ғарб ва амсоли ин маҳсуб меёбад.

Шоистаи ифтихори мардуми Хуҷанди бостонист, ки дар мавриди фарзанди бузурги ин сарзамин Камоли Хуҷандӣ низ таҳқиқоти муфиде анҷом дода, аз ҷумла роҷеъ ба мақом ва ҷойгоҳи ў дар сарзамини Ғарб ҷусторҳое ба анҷом расонидааст, ки омўзиши онҳо дар ниҳоди ҳар фарди Хуҷандзамин ифтихор ва сарбаландӣ эҷод мекунад.

Гузашта аз ин, Александр Ҳайзер тарҷумаҳои ғазалиёти Шайх Камоли Хуҷандиро аз ҷониби шоири олмонӣ Ҳаммер таҳқиқ намудааст, ки имрўз ошноӣ бо онҳо метавонад дар муаррифии мақоми ҷаҳонии Камоли Хуҷандӣ хидматгузор бошад. Бахши дигари пажўҳишҳои ин донишманди тоҷикшинос роҷеъ ба алоқаҳои адабии адабиёти тоҷик бо кишварҳои Аврупост, ки қисмати асосии онҳоро равобити мўҳтаво ва мазомини афсонаву достонҳои тоҷикӣ бо олмонӣ фаро мегирад.

Афзун бар ин, роҷеъ ба хидматҳои адабии шарқшиноси олмонӣ Манфред Лоренс ва тоҷикон низ таҳқиқоти судманде анҷом додааст, ки ҳамагӣ ба хидматҳои мондагори ин донишманди тоҷикшинос нисбат ба фарҳангу адабиёт ва таърихи миллати мо паём мерасонад. Маҳз, бо ибтикори ҳамин донишманди тоҷикшинос буд, ки имрўз дар Олмон Ҷамъияти дўстии Олмон ва Тоҷикистон фаъолият дорад, ки роҳбарии онро низ худи Александр Ҳайзер ба ўҳда дошта, дар ин замина барои ташаккули муносибатҳои адабиву фарҳангии ҷонибҳо хидматгузорӣ мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное