Оғози сохтмони як қатор толорҳои варзишӣ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сохтмони чанд иншооту биноҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, мактаб-гимназияи № 1  ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва литсеи физикӣ-математикии № 1 ба номи академик М. Осимӣ агарчанде дар қатори дабистонҳои солиёни дароз фаъолият […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сохтмони чанд иншооту биноҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, мактаб-гимназияи № 1  ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва литсеи физикӣ-математикии № 1 ба номи академик М. Осимӣ агарчанде дар қатори дабистонҳои солиёни дароз фаъолият дошта ба ҳисоб равад ҳам то ҳол толори варзишии худро надоштанд.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёди толори варзишӣ дар муасссисаҳои таълимии зикргардида пешбинӣ гаштааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода дар чорбании макотиби мазкур, ки бахшида ба гузоштани хишти аввали толори варзишӣ баргузор гашт, иштирок намуд.

Аз рӯи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд толори варзишӣ барои хонандагон иборат аз ҳуҷраҳои либоскашӣ, шустушӯй ва муаллимон буда, бо тарҳи замонавӣ сохта мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд доири сохтмони иншооти мазкур ибрози андеша намуда қайд кард, ки барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ байни мактабиён ва дабистонҳои шаҳр лоиҳаҳои сохтмонӣ бояд бозбинӣ шаванд. Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод намуд, ки имкониятҳои толор васеъ карда шуда, он бояд барои баргузории намудҳои варзишии футболи хурд, гимнастика, баскетболу валейбол низ мувофиқат намояд. Маблағи умумии ҳар як сохтмони пешбинишуда 800 ҳазор сомонӣ буда, он аз хисоби буҷаи шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонда мешавад.

Дар литсеи № 1 бошад ҳайати омӯзгорон аз ин иқдоми мақомоти маҳаллӣ изҳори сипосмандӣ намуда, зикр намуданд,ки барои сохтмони 4 синфхонаи иловагии мактаб Шӯрои волидайни мактаби мазкур имкони кӯмак намудан дорад.

Ин пешниҳод аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба хушнудӣ пазируфта шуда, ба Идораи сохтмони асосӣ дастур дод,ки лоиҳаи боз 4 синфхонаро барои баррасии ҳайати омӯзгорон ва Шӯрои волидайни мактаб пешниҳод намоянд ва таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ дар навбати худ дар ин кор саҳм хоҳад гузошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба сохтмончиёни иншоотҳои варзишӣ супориш дод, ки то оғози соли нави таҳсили имсола хонандагон бояд дар толорҳои варзишӣ дарсҳои худро гузаронанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.