Шумори тоҷикистониён дар Русия то 985 ҳазор нафар коҳиш ёфт



Шумори шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия аз беш аз 1,1 млн. нафар дар ахири соли гузашта то 985 ҳазор нафар ба аввали моҳи ҷорӣ коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 5 феврали соли равон 984 ҳазору 323 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки 805 ҳазору 917 нафарашонро мардон ва 178 ҳазору 405 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 45 ҳазору 410 нафар шаҳрвандони кишвар муҳоҷирати корӣ ба Русияро ихтиёр намудаанд, ки миёни онҳо 6 ҳазору 858 нафарашон занон мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное