Шумори тоҷикистониён дар Русия то 985 ҳазор нафар коҳиш ёфт

Шумори шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия аз беш аз 1,1 млн. нафар дар ахири соли гузашта то 985 ҳазор нафар ба аввали моҳи ҷорӣ коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 5 феврали соли равон 984 ҳазору 323 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки 805 ҳазору 917 нафарашонро мардон […]

ASIA-Plus



Шумори шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия аз беш аз 1,1 млн. нафар дар ахири соли гузашта то 985 ҳазор нафар ба аввали моҳи ҷорӣ коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 5 феврали соли равон 984 ҳазору 323 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки 805 ҳазору 917 нафарашонро мардон ва 178 ҳазору 405 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 45 ҳазору 410 нафар шаҳрвандони кишвар муҳоҷирати корӣ ба Русияро ихтиёр намудаанд, ки миёни онҳо 6 ҳазору 858 нафарашон занон мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.