Семинари Тоҷикистон-Кувайт оид ба рушди туризми байналмилалӣ дар Душанбе

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Шератон”-и ш. Душанбе семинари серӯзаи Тоҷикистон-Кувайт оид ба рушди туризми байналмилалӣ кори худро оғоз кард. Семинар бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чаҳорчӯби семинар гузаронидани мизҳои мудаввар бо иштироки коршиносон ва намояндагони ширкатҳои […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар меҳмонхонаи “Шератон”-и ш. Душанбе семинари серӯзаи Тоҷикистон-Кувайт оид ба рушди туризми байналмилалӣ кори худро оғоз кард. Семинар бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чаҳорчӯби семинар гузаронидани мизҳои мудаввар бо иштироки коршиносон ва намояндагони ширкатҳои туристии ҳар ду кишвар ва муаррифӣ таҳти унвони “Туризм дар Тоҷикистон – имконот ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, семинар ба созмону ширкатҳои туристии Тоҷикистон дар барқарор намудани робитаҳо бо шарикон дар Кувайт ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ташаккули маҳсулот дар самти туризм бо дарназардошти равандҳои замонавии рушди туризми байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони Кувайт инчунин бо имкониятҳои марказҳои табобатӣ-тандурустӣ, муассисаҳои соҳибкорию тиҷоратии дорои осоишгоҳ ва тарабхонаҳо, ҷойҳои фароғатию дамгирӣ ва хизматрасониҳо дар Тоҷикистон шинос хоҳанд шуд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.