Намоишгоҳи аксҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар Белгия

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори бахши бонки “BNP Paribas Fortis” дар ш.Намур, пойтахти музофоти Валлонияи Шоҳигарии Белгия, таҳти сарпарастии шаҳрдории ш.Намур ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Белгия созмон дода шуд, баргузор гардид. Намур бародаршаҳри Кӯлоб мебошад. Намоишгоҳи мазкур, ки то 26 феврал давом дорад, дар […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори бахши бонки “BNP Paribas Fortis” дар ш.Намур, пойтахти музофоти Валлонияи Шоҳигарии Белгия, таҳти сарпарастии шаҳрдории ш.Намур ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Белгия созмон дода шуд, баргузор гардид. Намур бародаршаҳри Кӯлоб мебошад. Намоишгоҳи мазкур, ки то 26 феврал давом дорад, дар чаҳорчӯби рушди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Тоҷикистон ва Белгия ташкил карда шудааст

.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо шахсони расмии ш.Намур ва музофоти Валлонияи Шоҳигарии Белгия, роҳбарият ва профессорони Донишгоҳи Намур ва муассисаҳои таҳсилоти олии шоҳигарӣ, олимон, фарҳангшиносон, шарқшиносон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ шаҳрдори Намур Максим Прево зимни суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи ин намоишгоҳи ҷолиби аксҳо тазаккур дод, ки он ба тавсеаи робитаҳои фарҳангии Белгияву Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар баромади худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ба ҳозирин дар бораи таърихи кӯҳан ва фарҳангу санъати бойи тоҷикон, ки дар аксҳои рангини ба маърази тамошо гузошташуда инъикос ёфтаанд, маълумот дод. Сафири Тоҷикистон инчунин ба ҷамъомадагон перомуни дастовардҳои кишвари худ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ тайи солҳои истиқлолият нақл намуд.

Сипас профессори Донишгоҳи Лювени Шоҳигарии Белгия Александр Тоуроветс баромад кард. Ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги туристӣ аст ва ҳамватанонашро барои сафари хотирмон ба мавзеъҳои нодири фарҳангию таърихии ин мамлакати хушманзараву офтобӣ даъват кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.