Раиси пойтахт насби видеокамераҳо дар корхонаҳоро дастур дод

Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба афзоиши вуруди маблағҳо ба буҷети шаҳр ва истифодаи мақсадноки моликияти коммуналии шаҳр баррасӣ шуданд. Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раиси пойтахт ба сохторҳои дахлдор […]

ASIA-Plus



Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба афзоиши вуруди маблағҳо ба буҷети шаҳр ва истифодаи мақсадноки моликияти коммуналии шаҳр баррасӣ шуданд.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раиси пойтахт ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар фурсати наздиктарин монеъаҳои маъмурӣ дар самти ба иҷора додани иншооти коммуналии шаҳрро баратараф намоянд.

«Дар ҷаласа ҳамчунин ба масъалаҳои истифодаи самараноки нерӯи барқ ва ҷамъоварии саривақтии маблағи истифодаи он, вазъи санитариву эпидемиологӣ дар шаҳр, бартараф кардани савдои кӯчагӣ, насби видеокамераҳо дар тамоми корхонаҳои пойтахт новобаста аз шакли моликияти онҳо, аз байн бурдани сагҳои дайду дар қаламрави пойтахт ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи хоҷагидории пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир гардид», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа оид ба таҷлили ҷашни Наврӯз санаи 21-уми март – дар сатҳи кӯчаву микрорайонҳо, санаи 23 март – дар Наврӯзгоҳи пойтахт ва санаи 24-уми март баргузор кардани чорабиниҳои сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт қарор қабул шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.