Сокинони Хуҷанд Кабириро «саволборон» карданд

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 14 феврал зимни вохӯрии раисони аҳзоби сиёсӣ бо интихобкунандагони дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ таҳти «саволборон» қарор гирифт. Чанде «Ба Тоҷикистон ҳизби исломӣ чӣ лозим аст?» гуфта савол медоданду дигарон пешниҳод намуданд, ки ҳизб бидуни ишора ба ислом номгузорӣ шавад. Аз ҷумла, бархе аз […]

ASIA-Plus


Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 14 феврал зимни вохӯрии раисони аҳзоби сиёсӣ бо интихобкунандагони дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ

таҳти «саволборон» қарор гирифт.

Чанде «Ба Тоҷикистон ҳизби исломӣ чӣ лозим аст?» гуфта савол медоданду дигарон пешниҳод намуданд, ки ҳизб бидуни ишора ба ислом номгузорӣ шавад.

Аз ҷумла, бархе аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки муҷоҳидони тоҷик ба ҲНИТ алоқа доранд ва ҳизб бо истифода аз «ислом» шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб мекунад.

Интихобкунадагон ҳамчунин ҲНИТ-ро ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум айбдор карданд. Шумори чунин афрод, ки «хоҳони ҳаёти осоишта ва ваҳдат дар Тоҷикистон» буданд, беш аз 10 нафарро ташкил медод ва баҳси онҳо ба раиси ҲНИТ муддлати 1 соат тӯл кашид.

Ба гуфтаи Кабирӣ, муҷоҳидони ҲНИТ соли 1998 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба вилояти Суғд, маҳз ба Хуҷанд ҳамроҳ бо артиши расмӣ қаламрави давлати тоҷиконро ҳимоя карданд.

Ҳамчунин Кабирӣ зикр кард, ки дар Тоҷикистон ҲНИТ мувофиқи қонунгузорӣ ва Конститутсия амал карда, дар Вазороати адлияи кишвар сабти ном шудааст. «Бо ин гуфтаҳоятон шумо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаҳои давлатии Тоҷикистонро зери шубҳа мегузоред», – муроҷиат кард ӯ ба ҳозирин.

Раиси ҲНИТ пешниҳод кард, ки бо донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузаронад, вале посухи рад гирифт. Шахсони ваколатдор бо ишора ба қонунгузорӣ ин пешниҳоди ӯро рад намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Муҳиддин Кабирӣ ба сокинони Хуҷанд пешниҳод намуд, ки пас аз интихобот дар Хуҷанд ё Душанбе вохӯрӣ барпо кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.