Ширкати «Оро Исфара» ба маблағи 1 млн. $ ба Русия хушкмева мефурӯшад

Дар рафти Намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо -2015» дар шаҳри Маскав ширкати «Оро Исфара»-и Тоҷикистон бо ширкатҳои «Фруктовие линии»-и Русия оид ба хариду фурӯши хушкмева ба маблағи 1 миллион доллар паймон баст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳамчунин паймони сеҷониба байни «Оро Исфара», «Фруктовие линии» ва ширкати «Santa vita»-и Туркия оид ба интиқоли мева […]

ASIA-Plus



Дар рафти Намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо -2015» дар шаҳри Маскав ширкати «Оро Исфара»-и Тоҷикистон бо ширкатҳои «Фруктовие линии»-и Русия оид ба хариду фурӯши хушкмева ба маблағи 1 миллион доллар паймон баст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳамчунин паймони сеҷониба байни «Оро Исфара», «Фруктовие линии» ва ширкати «Santa vita»-и Туркия оид ба интиқоли мева ва хушкмева ба Туркия ва кишварҳои Аврупо ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ширкатҳои «Субҳи Ватан» ва «Баракат» низ бо ширкатҳои Русия оид ба фурӯши сабзавоту мева ва хушкмеваи Тоҷикистон ба минтақаҳои Русия гуфтугузор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.