Рӯнамойии филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” (Видео)

Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” бо коргардонии Маҷид Маҷидӣ дар ҳузури вазири фарҳанги Эрон ва ҷамъе аз хабарнигорони эронӣ ба намоиш гузошта шуд. Гуфта мешавад ин филм яке аз бузургтарин ва пурҳазинатарин филмҳои таърихии Эрон ба ҳисоб меравад. Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” ҳамагӣ 3 соат буда, ба гуфтаи Маҷид Маҷидӣ ин филм пас аз 7 соли […]

IslamNews.tj

Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” бо коргардонии Маҷид Маҷидӣ дар ҳузури вазири фарҳанги Эрон ва ҷамъе аз хабарнигорони эронӣ ба намоиш гузошта шуд.

Гуфта мешавад ин филм яке аз бузургтарин ва пурҳазинатарин филмҳои таърихии Эрон ба ҳисоб меравад.

Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” ҳамагӣ 3 соат буда, ба гуфтаи Маҷид Маҷидӣ ин филм пас аз 7 соли талош омодаи пахш мебошад.

Маҷидӣ гуфтааст он чӣ  дар филм аст тибқи оёт ва ривоёт будааст: “Ин филм ба даврони кӯдакӣ ва навҷавонии Паёмбари Аъзам (с) мепардозад”.

Маҳмуд Отифӣ, раиси Созмони синамо ва ҳунарҳои Эрон асари синаморо яке аз мондагортарин асари таърихи синамоми Эрон ва ҷаҳон дониста ба сомонаи Defapress гуфтааст: 

“Латофати ин филм посухи бисёр муҳкам ва бо далел ба ҳамаи касоне аст, ки имрӯзҳо бо суиистифода аз озодиҳои мавҷуд барои расидан ба аҳдофи худ ба Паёмбари Аъзам (с) тавҳин мекунанд”.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст: 

“Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” ба унвони беҳтарин сафири фарҳангии мусалмонон барои тамоми мардуми ҷаҳон хоҳад буд. Ҳар инсоне фаротар аз ҳар дин ва мазҳаб ва эътиқоде метавонад ба беҳтарин ва зеботарин шакл бо ин филм иртибот барқарор кунад ва ташнагии маънавиашро бартараф кунад. Коргардони филм бо ин асари фохир дар дунёи бараҳна аз маънавиёти имрӯз дунболи таҷассум бахшидан ба мафҳуми инсони комил буда ва муваффақ шуда аст”.




Дар ин филм воқеъаҳое чун ҳамлаи лашкари Абраҳа ба Макка, ҳаводиси лаҳзаи валодати Расулуллоҳ (с), пешбинии кашиши масеҳӣ аз нубуввати Ҳазрати Муҳаммад (с)  ба унвони хотами анбиё, моҷарои соҳили моҳигирон ва ғайра дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ ба тасвир даромадаанд.

Аввалин филми сохташуда дар бораи Паёмбар (с) ҳудуди 35 сол пеш тавассути филмсоз Фақид Сурӣ, Мустафо Уқод сохта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.