С.Фаттоҳзода: Пеш аз интихобот ҲХДТ ваъдаҳои хушку холӣ намедиҳад

– Тақдири Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва пешвои он Эмомалӣ Раҳмон бо тақдири кишвар ва мардум робитаи ногусастанӣ дошта, мо муътақидем, ки ба мо на аз рӯи ваъдаҳо, балки тибқи корҳои иҷрокардаамон баҳо медиҳанд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода. «Мо, аъзои ҳизби сиёсии сершумортарин дар кишвар, ки […]

Аваз Юлдошев



– Тақдири Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва пешвои он Эмомалӣ Раҳмон бо тақдири кишвар ва мардум робитаи ногусастанӣ дошта, мо муътақидем, ки ба мо на аз рӯи ваъдаҳо, балки тибқи корҳои иҷрокардаамон баҳо медиҳанд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода.

«Мо, аъзои ҳизби сиёсии сершумортарин дар кишвар, ки дар сафҳояш беш аз 250 ҳазор нафарро муттаҳид мекунад, аз натиҷаҳои фаъолияти худ дар давраи аз интихоботи парлумонии соли 2010 то интихоботи соли равон қаноатмандем ва дар ҳамин ҳол, мавҷуд будани мушкилот дар кишварро, ки ҳалли онҳо дар барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ пешбинӣ шудааст, пинҳон карданӣ нестем», – қайд кард Фаттоҳзода.

Дар идома ӯ зикр кард, ки қабл аз интихобот ҲХДТ ваъдаҳои хушку холиву беасос намедиҳад ва ҳеҷ касеро даъват намекунад, ки ноогоҳона ба ҷонибдории ҳизб овоз диҳад.

«Таблиғоти ҲХДТ ин ҳамон кору амали он оид ба таъмини сулҳу субот дар кишвар, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи сиёсату илм ва фарҳанг аст. Баъзан дар ВАО моро ҳизби ҳоким ё ҳизби аксарияти парлумон ном мебаранд ва ин маънои онро дорад, ки дар зарфи 20-соли мавҷудияти худ ҲХДТ этимоди мардумро ба даст овардааст. Ҳеҷ яке аз муроҷиати шаҳрвандони кишвар ба қабулгоҳҳои ҳизбӣ, ки дар тамоми минтақаҳо амал мекунанд, бепосуху бетаваҷҷуҳ боқӣ намондааст ва ин намунаи хизмат ба мардум аст», – таъкид дошт муовини аввали раиси ҲХДТ.

Номбурда зикр кард, ки ҳадафи ҳама гуна ҳизби сиёсӣ расидан ба ҳукуматдорӣ аст, вале ҲХДТ аз ҷониби президенту ҳукумат ҳангоми аллакай сари мансаб қарор доштан таъсис дода шудааст. « Сабаби таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дар соли 1994 пур кардани фазои холии сиёсӣ дар ҷумҳурӣ буд, чунки он замон аҳзоби сиёсӣ ба иллати ҷанг дар кишвар ва қашшоқии мардум миёни ҷомеа обрӯву нуфуз надоштанд. Мухолифати ғояи коммунистӣ ва исломи сиёсӣ Тоҷикистонро ба ҷанги бародаркуш оварда расонид, ки ин ҳолат бадбинии мардум нисбати ҳизбҳои он замон мавҷударо ба вуҷу д овард», – мутмаин аст муовини аввали раиси ҲХДТ.

«Имрӯз дар остонаи интихобот баъзе ҳизб ва ҳаракатҳо ба мардуми кишвар «биҳишти рӯйи замин»-ро ваъда медиҳанд, вале дақиқае ҳам андеша намекунанд, ки ба рушди сиёсат, иқтисод, дипломатия ва энергетика афроди ҳирфаиву соҳибтаҷриба мусоидат мекунанд, на авомфиребону ғайрикасбиён ва муллоҳо», – афзуд С.Фаттоҳзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.