Дастури президент оид ба 13 соат таъмин кардани аҳолӣ бо барқ

Имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шахсони дигари дахлдор машварати корӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили вобаста ба таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулот бо нархҳои […]

ASIA-Plus



Имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шахсони дигари дахлдор машварати корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили вобаста ба таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулот бо нархҳои дастрас, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ, таъмини кори мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ, таъмини аҳолӣ бо газу барқ ва ҳифзи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар арафа ва рӯзи интихоботи парлумонӣ баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки аз ҳамин рӯз сар карда, ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз соати 5- субҳ то 11-и рӯз ва аз соати 16:00 то соати 23:00, яъне 13 соатӣ барқ дода шавад. Таъкид гардид, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад.

Зимнан зикр мегардад, ки ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки барои таъмини амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи фазои орому осуда дар арафа ва рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ чораҳои муассир амалӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.