Моҳи январ ба вуруди 239 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия иҷоза нашуд



Танҳо моҳи январи соли равон ба вуруди 239 шаҳрванди Тоҷикистон (январи соли 2014 – 139 нафар) ба қаламрави Русия иҷоза нашуда, онҳо аз гузаргоҳҳо бозпас ба ватан баргардонида шуданд.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, ин шаҳрвандоне, ки бозпас ба ватан баргаштанд, қаблан дар қаламрави Русия ба қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати ин кишвар даст задаанд.

Гуфта мешавад, аз шумори умумии ин шаҳрвандони ба ватан баргашта 39 нафарашон занон буда, ҳамаашон сокинони пойтахт ва навоҳиии тобеи марказ мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки давоми моҳи январи соли ҷорӣ 39 ҳазору 654 нафар шаҳрвандони кишвар аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки 5 ҳазору 361 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

spot_imgspot_img

Популярное