Моҳи январ ба вуруди 239 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия иҷоза нашуд

Танҳо моҳи январи соли равон ба вуруди 239 шаҳрванди Тоҷикистон (январи соли 2014 – 139 нафар) ба қаламрави Русия иҷоза нашуда, онҳо аз гузаргоҳҳо бозпас ба ватан баргардонида шуданд. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, ин шаҳрвандоне, ки бозпас ба ватан баргаштанд, қаблан дар қаламрави Русия ба қонуншиканӣ дар […]

ASIA-Plus



Танҳо моҳи январи соли равон ба вуруди 239 шаҳрванди Тоҷикистон (январи соли 2014 – 139 нафар) ба қаламрави Русия иҷоза нашуда, онҳо аз гузаргоҳҳо бозпас ба ватан баргардонида шуданд.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, ин шаҳрвандоне, ки бозпас ба ватан баргаштанд, қаблан дар қаламрави Русия ба қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати ин кишвар даст задаанд.

Гуфта мешавад, аз шумори умумии ин шаҳрвандони ба ватан баргашта 39 нафарашон занон буда, ҳамаашон сокинони пойтахт ва навоҳиии тобеи марказ мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки давоми моҳи январи соли ҷорӣ 39 ҳазору 654 нафар шаҳрвандони кишвар аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки 5 ҳазору 361 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.