«Талко» ба пардохти ҳудуди 60 млн. $ қарзи «Созидание» уҳдадор шуд

КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) қарзҳои ҶДММ«Созидание» аз андоз, ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми беш аз 322 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро бояд пардохт намояд. Ҳамчунин пардохти маблағи фоизҳо барои таъхир низ ба зиммаи «Талко» вогузор шудааст. Дар ин бора дар банди дуюми лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон […]

Пайрав Чоршанбиев



КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) қарзҳои ҶДММ«Созидание» аз андоз, ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми беш аз 322 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро бояд пардохт намояд. Ҳамчунин пардохти маблағи фоизҳо барои таъхир низ ба зиммаи «Талко» вогузор шудааст. Дар ин бора дар банди дуюми лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ахири моҳи январ ба имзо расидааст, ишора карда мешавад.

Қарор «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи тавофуқ миёни КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва ширкатҳои «Talco Management Limited», «Hamer Investment Limited», «CDH Investment Corporation», «Alumina and Bauxite Company Limited» ва «Redao Holdings S.A» «бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини фаъолияти устувори истеҳсоливу хоҷагидории «Талко» қабул шудааст.

Мувофиқи банди дуюми қарор, бар асоси санади муқоиса ба Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, КВД «Талко» ва ҶДММ «Созидание» дастур дода шудааст, ки дар ҳисоботи худ тағйироти дахлдор ворид намоянд.

Ба имзои созишномаи тавофуқ аз ҷониби Тоҷикистон директор оид ба молия ва тиҷорати КВД «Талко» ваколатдор шудааст. «Дар сурати иҷро накардани шартҳои Созишномаи тавофуқ, қарори мазкур ҳукми қонунии худро аз даст медиҳад», – таъкид мешавад дар санад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати алюминии «Русал»-и Русия оид ба даст кашидан аз даъвоҳои мутақобила

тавофуқ ҳосил карданд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки соли 2013 Кумитаи андоз маблағи зиёди қарз аз андози ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо ошкор намуд.

Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи маҷбуран рӯёнидани қарзҳо аз андоз дар ҳаҷми 67 млн. $-ро

қонеъ накард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.