Афзоиши содироти нахи пахта дар моҳи январ

Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2014 дар моҳи аввали соли равон ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон тақрибан 7% афзуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, моҳи январи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 12 ҳазор тонна нахи пахта (январи соли 2014 – каме бештар аз 11 […]

ASIA-Plus



Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2014 дар моҳи аввали соли равон ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон тақрибан 7% афзуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, моҳи январи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 12 ҳазор тонна нахи пахта (январи соли 2014 – каме бештар аз 11 ҳазор тонна) содирот шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо моҳи январи соли 2014 нархи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар моҳи январи соли равон қариб 22% коҳиш ёфта, дар робита ба ин даромади Тоҷикистон аз пахтаи фурӯхташуда ба хориҷи кишвар дар соли равон ҳамагӣ 14,7 млн. доллари ИМА (январи соли 2014 – 18,8 млн. $)-ро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад. Ҳамин тариқ, аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар соли 2012 – 144 ҳазор тонна, соли 2013 – 114,5 ҳазор тонна ва соли 2014 – ҳамагӣ ҳудуди 87 ҳазор тонна нахи пахта содирот гардидааст.

Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахтаро ба поинравии нарх ба он дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин коҳиши парваришу истеҳсоли пахта нисбат медиҳанд. Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон шуморида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.