Пирӯзии ду генерал аз ҲХДТ дар интихоботи парлумонӣ

Ду намояндаи ҲХДТ, генерал Тоҳир Ҷобирзода аз ҳавзаи интихоботии Бохтар-27 ва генерал Анвар Тағоймуродов аз ҳавзаи Қӯрғонтеппа-26 дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуданд. Тавре раиси ҳавзаи якмандатии интихоботии Бохтар-27 Амриддин Иброҳимов хабар дод, дар ин ҳавза ба ҷонибдории собиқ муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасод Тоҳир Ҷобирзода 85%-и интихобкунадагон раъй дода, рақиби ӯ – номзади худпешбаришуда соҳибкор […]

Сайраҳмон Назриев



Ду намояндаи ҲХДТ, генерал Тоҳир Ҷобирзода аз ҳавзаи интихоботии Бохтар-27 ва генерал Анвар Тағоймуродов аз ҳавзаи Қӯрғонтеппа-26 дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуданд.

Тавре раиси ҳавзаи якмандатии интихоботии Бохтар-27 Амриддин Иброҳимов хабар дод, дар ин ҳавза ба ҷонибдории собиқ муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасод Тоҳир Ҷобирзода 85%-и интихобкунадагон раъй дода, рақиби ӯ – номзади худпешбаришуда соҳибкор Маъруфҷон Рӯзибоев – 10,9%-и овозҳоро касб кардааст.

Бино ба иттилои раиси ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа-26 Амон Шаймонов, дар ҳавзаи мазкур бо касби 77,2%-и овозҳо номзади ҲХДТ, собиқи сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал Анвар Тағоймуродов пирӯзӣ ба даст оварда, ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрӣ – 6,3% ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 14,1%-и интихобкунандагон раъй додаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бонки осиёии рушд 7,3% болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.