Манъи рекламаи доруворӣ ва ғизои кӯдакон бидуни иҷозатномаи фурӯш

Дар иҷлосияи охирини палатаи болоии парлумон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, тағйироту иловаи қаблан аз ҷониби палатаи поёни парлумон қабулшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул шуморида шуд. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзода зимни суханронӣ дар иҷлосия изҳор намуд, ки тибқи тағйироту илова паҳн кардани рекламаи […]

Аваз Юлдошев



Дар иҷлосияи охирини палатаи болоии парлумон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, тағйироту иловаи қаблан аз ҷониби палатаи поёни парлумон қабулшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул шуморида шуд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзода зимни суханронӣ дар иҷлосия изҳор намуд, ки тибқи тағйироту илова паҳн кардани рекламаи доруворӣ, таҷҳизоту техникаи тиббӣ ва ғизо барои кӯдакон, ки барои фурӯш дар қаламрави Тоҷикистон иҷозатнома надоранд, манъ карда мешавад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ имрӯз ҳамчунин тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон»-ро низ дастгирӣ намуданд, ки мутобиқи он истеҳсолкунандаи мол ба дарҷ кардани маълумот дар бораи ширкати истеҳсолкунандаи мол уҳдадор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.