Ба 7 собиқадори ҶБВ дар Суғд аз номи президенти Русия медалҳои ҷашнӣ тақдим мешавад



Ба 7 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар вилояти Суғд аз номи президенти Русия медалҳои ҷашнӣ тақдим карда мешавад.

Аз комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки медалҳои ҷашнии «70-солагии Ғалаба» ба сокинони вилоят, ки ҳам шаҳрванди Русияву хам шаҳрванди Тоҷикистонанд, супурда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи равон намояндагони Конусулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ва раҳбарияти гарнизони ҳарбии вилояти Суғд ба ду нафар собиқадорони ҷанг аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Чкаловск чунин медалҳоро тақдим намуда, то ахири ҳафтаи равон боз ба 5 нафар собиқадорони ҷанг, сокинони шаҳри Хуҷанд низ чунин медалҳо супурда мешаванд.

Бино ба маълумоти ҳукумати вилояти Суғд, феълан дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар беш аз 250 нафар собиқадорони ҷанг зиндагӣ мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное