«Ашан», ки ба бозори Тоҷикистон роҳ ёфтанӣ буд, 26%-и фоидаи софашро аз даст дод

Сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми умумии фурӯш ва коҳиши ду баробари қарз, ҳамчунин нияти роҳ ёфтан ба бозорҳои Тоҷикистон, ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и «Ашан»-и Фаронса беш аз 25%-и фоидаи софашро аз даст дод. Дар ин бора васоити ахбор умуми Русия иттилоъ медиҳанд. Нашрияи «Деловой квартал» дар ин робита менависад, соли буҳронии 2014 ба шабакаи мағозаҳои […]

Пайрав Чоршанбиев



Сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми умумии фурӯш ва коҳиши ду баробари қарз, ҳамчунин нияти роҳ ёфтан ба бозорҳои Тоҷикистон, ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и «Ашан»-и Фаронса беш аз 25%-и фоидаи софашро аз даст дод. Дар ин бора васоити ахбор умуми Русия иттилоъ медиҳанд.

Нашрияи

«Деловой квартал»

дар ин робита менависад, соли буҳронии 2014 ба шабакаи мағозаҳои гипермаркети «Ашан» дар ҳаҷми аз даст додани ҳудуди 25,2%-и фоидаи соф зиёни зиёд расидааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми умумии фурӯши ширкат афзудааст.


«Газета.ру»

 бо истинод ба 

France-Presse

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамин ҳол, қарзи софи ширкати «Ашан» қариб ду баробар – то 1,8 млрд. евро коҳиш ёфтааст.

Қаблан маълумоте интишор гардида буд, ки яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и маҳсулоти ғизойии Русия «Ашан Россия», ки яке аз воҳидҳои ширкати фаронсавии «Ашан» аст, бо ширкати Schiever

оид ба ифтитоҳи мағозаҳо дар Тоҷикистон

шартномаи франшизӣ (додани маҷмӯи ҳуқуқҳо) ба имзо расонид.

Зикр гардида буд, ки воҳиди русиягии «Ашан» маҳсулоти дар Русия истеҳсолшударо таҳти тамғаи тиҷоратии худ ба Тоҷикистон таҳвил медиҳад. Интиқоли маҳсулот аз анбор дар шаҳри Новосибирск сурат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.