Пирӯзии толибилми тоҷик дар олимпиадаи байнулмилалӣ

Толибилми яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт Меҳрубон Тӯраев дар Олмипиадаи кушодаи IX толибилмон оид ба барномасозӣ, ки рӯзи 9 март дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ба дарёфти медали тилло ва дипломи дараҷаи аввал шарафёб гардид. Дар Олимпиадаи мазкур беш аз 400 нафар толибилмон аз Русия, Украина, Беларус, Латвия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Тибқи натиҷаҳои […]

Мавзуна Абдуллоева



Толибилми яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт Меҳрубон Тӯраев дар Олмипиадаи кушодаи IX толибилмон оид ба барномасозӣ, ки рӯзи 9 март дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ба дарёфти медали тилло ва дипломи дараҷаи аввал шарафёб гардид. Дар Олимпиадаи мазкур беш аз 400 нафар толибилмон аз Русия, Украина, Беларус, Латвия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Тибқи натиҷаҳои марҳилаи ниҳоӣ, ки дар торнамои расмии Олимпиада


интишор шудааст


, ягона намояндаи Тоҷикистон Меҳрубон Тӯраев бо касби 539 имтиёз ба дипломи дараҷаи аввал ва медали тиллои Олимпиада сазовор дониста шудааст.

Меҳрубон Тӯраев хонандаи синфи 11-уми гимназия-интеинати «Ҳотам ва ПВ»-и Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе буда, бо дарёфти медалу дипломҳо Тоҷикистонро дар як қатор олимпиадаҳои байнулмилалӣ намояндагӣ кардааст.

Қаблан, ахири моҳи январи соли равон дар Олимпидаи байнулмилалии IX толибилмон оид ба математика, физика ва информатика дар Жаутики Қазоқистон Меҳрубон Тӯраев ба гирифтани дипломи дараҷаи сеюм


ноил гардида буд

.

Меҳрубон Тӯраев дар синни 11-солагӣ аз падар маҳрум гардида, дар тарбияи модараш қарор дорад.     

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.