Намоишгоҳи байнулмилалӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Душанбе (АКСҲО)

Рӯзи 10 март дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ба кор шурӯъ намуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар иштирокчиён аз се кишвари форсизабон – Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд. Баҳраманд, намояндаи ширкати эронии «Шоколад ID», ки баҳри иштирок дар намоишгоҳ ба Душанбе омадааст, дар мусоҳиба […]

Аҳлиддин Салимов



Рӯзи 10 март дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ба кор шурӯъ намуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар иштирокчиён аз се кишвари форсизабон – Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.

Баҳраманд, намояндаи ширкати эронии «Шоколад ID», ки баҳри иштирок дар намоишгоҳ ба Душанбе омадааст, дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки ҳангоми сафар марзбонони ӯзбек қариб нисфи маҳсулоташро азхуд кардаанд.

«Марзбонони ӯзбек се яхдонро гирифтанд, ки арзиши ҳар кадоме аз онҳо 2-3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ин барои мо мушкилот ба бор меоварад», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки дар ин намоишгоҳ 17 ширкати эронии машғул ба истеҳсоли маводи ғизойӣ ва сарулибос ва ҳамчунин ҳунармандону косибон ширкат доранд.

Мирзомуно Попал, намояндаи Афғонистон ба «Азия-Плюс» зикр кард, ки айни замон тиҷорат миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли рушд аст ва ба ин намоишгоҳ 37 ширкати афғонӣ маҳсулоти худро пешкаши харидорон мекунанд, ки аз қолину хушкмева, рустаниву гиёҳҳои доруворӣ, маснӯоти ҳунармандиву косибӣ ва ғайра иборат аст.

Қобили зикр аст, ки кори намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур то 14 март идома ёфта, он дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ҷараён дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.