Шоми рӯзи 11 март дар Театри академии ба номи А.Лоҳутӣ ба муносибати иди касбии рӯзноманигорон – Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акабаралӣ Сатторов рӯзноманигорони кишварро табрик гуфта, барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон кард.
Ҳамин тариқ, дар номинатсияи «Телевизион» хабарнигори телевизиони «Сафина» Нигинаи Муъмин, дар бахши радио корманди радио Абдуғаффор Убайдуллоев, дар номинатсияи «Публитсистика ва журналистика» Масрур Абдуллоев ва Сироҷиддин Икромӣ ва дар номинатсияи «ВАО-и чопӣ» Абдувоҳид Маликов ва Эркин Шукуров ба ҷоизаҳо соҳиб гардиданд.
Зимни суханронӣ дар ин маросим вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков изҳор намуд, ки «агар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 100 газета нашр мешуд, пас шумори онҳо имрӯз ба 329 адад расидааст, ки 210-тоашон хусусӣ мебошанд».
Як зумра журналистон бо нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», ифтихорномахои Вазорати фарҳанги ҶТ ва дипломҳои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.
Қобили зикр аст, ки Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола санаи 11 март ҷашн гирифта мешавад. Маҳз рӯзи 11 марти соли 1912 шумораи нахусти газетаи «Бухорои Шариф» бо забони тоҷикӣ ба табъ расид.



