Шаҳрдории пойтахт дар ҷашни Наврӯз тӯйи 80 ҷуфти навхонадоронро ташкил мекунад



Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе иди Наврӯз муддати ду рӯз ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабиниҳои идона субҳи рӯзи 21-уми март дар тамоми маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт оғоз гардида, дар онҳо сокинони маҳаллӣ, кормандони мақомоти шаҳрдорӣ ва аҳли фарҳангу зиёиён ширкат меварзанд.

Чорабиниҳои асосии идона ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзи 23 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор мешаванд. Дар ин ҷо ба сокинон ва меҳмонони пойтахт намоиши театрикунонидашуда пешкаш мегардад, ки коргардон ва басаҳнагузорандааш Ҳунарманди мурдумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов аст.

Дар намоишҳои оммавии чорабиниҳои идона донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи давлатии санъат, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, коллеҷҳои мусиқӣ ва мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.

Ҳамчунин шаҳрдории пойтахт дар ҷашни Наврӯз тӯйи арӯсии 80 ҷуфти навхонадоронро ташкил мекунад

Қобили зикр аст, ки имсол иди Наврӯз дар Тоҷикистон муддати 6 рӯз, аз 21 то 26 март ҷашн гирифта шуда, ин рӯзҳо истироҳат эълон шудаанд.  

spot_imgspot_img

Популярное