Лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ карда мешавад, оиди рафти татбиқи Лоиҳа дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ ахборот пешниҳод намуд.
Тавре аз намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, вазифаи асосии Лоиҳа, пурқувват намудани системаи идоракунии соҳаи тандурустӣ аст ва он аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ истифода бурда мешавад.
Системаи DHIS2, барои ворид ва таҳлили иттилоот, тайёр намудани ҳисоботҳо пурра таҳия карда шудааст ва аз 1 январи соли 2015 дар реҷаи онлайн дар сатҳи миллӣ аз санҷиш гузашта истифода бурда мешавад. Тақрибан 1100 нафар мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди истифодабарии системаи DHIS2 ва омор омӯзонида шуданд. Се сафари шиносоии байналмиллалӣ ба давлатҳои Норвегия, Молдова ва Ҳиндустон барои кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Аз 1 январи соли 2015, сабтҳои ҳолати шаҳрвандӣ дар Хонаи ақди никоҳ ва 4 шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шахри Душанбе ва ноҳияҳои Рудакӣ, Шаҳринав ва Ҳисор дар реҷаи онлайн ворид карда мешаванд.
“Соли 2015 соли ҳалшаванда барои татбиқи лоиҳа ҳисобида мешавад. Дар соли мазкур ҳисоботҳои омории солона бори аввал дар реҷаи онлайн дар системаи DHIS2 ворид карда шудаанд. Татбиқи системаи иттиллоотӣ дар шӯъбаҳои САҲШ яке аз вазифаҳои муҳимтарини лоиҳа мебошад. Мо умедворем, ки ҳалли ин масъалаҳои душворро бо кӯмаки шариконамон меёбем”, – гуфт роҳбари лоиҳа хонум Елена Максименко.
Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии тартиби иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо буҷаи 3,4 миллион евро, системаи электронии ҳисоботиро дар сатҳи миллӣ татбиқ гардонида истодааст. Лоиҳа дар якҷоягӣ бо консорсиуми ширкатҳои EPOS Health Management (Олмон), ICON-Institute Public Sector (Олмон) бо иштироки Донишгоҳи шаҳри Осло (Норвегия) ва ширкати IrfatC (Тоҷикистон) амалӣ мегардад. Лоиҳа то моҳи маи соли 2016 татбиқ мегардад.



