Гумонбарии корманди ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ба қаллобӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 257 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) корманди филиали ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар ноҳияи Ҷиргатол Мухтор Абдураҳмоновро боздошт намуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасод, М.Абдураҳмонов дар азхудкунии воситаҳои зиёди пулӣ гумонбар дониста шуда, ҳангоми фаъолият […]

ASIA-Plus



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 257 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) корманди филиали ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар ноҳияи Ҷиргатол Мухтор Абдураҳмоновро боздошт намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасод, М.Абдураҳмонов дар азхудкунии воситаҳои зиёди пулӣ гумонбар дониста шуда, ҳангоми фаъолият дар ин филиали 437 ҳазору 395 сомониро ғайриқонунӣ азхуд намудааст.

Гуфта мешавад, аз 465 ҳазору 618 сомонӣ маблағҳои аз ҷониби мизоҷони бонк пардохтшуда ба сифати қарзҳои бонкӣ ва фоизҳо М.Абдураҳмонов ба хазинаи бонк ҳамагӣ 28 ҳазору 223 сомонӣ маблағ ворид намуда,  боқимонда маблағро тасарруф ва ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.