Иштироки раиси ҲНИТ дар 2 ҳамоиши байнулмилалӣ дар Малайзия

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои ширкат дар Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд ва ҳамчунин ширкат дар Анҷумани байналмилалии “Ваҳдати уммати исломӣ” озими Малайзия шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин ду конфронси байналмилалӣ шахсиятҳои саршиноси ҷаҳони ислом, аз ҷумла Рошид Ғаннушӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тунис ва аз ҷумҳуриҳои […]

ASIA-Plus



Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои ширкат дар Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд ва ҳамчунин ширкат дар Анҷумани байналмилалии “Ваҳдати уммати исломӣ” озими Малайзия шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин ду конфронси байналмилалӣ шахсиятҳои саршиноси ҷаҳони ислом, аз ҷумла Рошид Ғаннушӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тунис ва аз ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ширкат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ҷаласаи Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд (Asian Forum for Peace & Development), ки як сол пеш аз тарафи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар Осиё таъсис ёфтааст, дар бораи вазъи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ: чолишҳо ва роҳҳалҳо аз 17 то 19-уми марти соли ҷорӣ давом хоҳад кард. Интизор меравад, ки Муҳиддин Кабирӣ ҳам дар ин форум суҳбат кунад.

Зимнан зикр мегардад, ки сипа, Анҷумани сеюми байналмилалии “Ваҳдати уммати исломӣ”, ки аз тарафи Ҳизби исломии Малайзия (PAS) ва дафтари Абдулҳоди Аванг, муовини раҳбари Иттиҳоди оламии уламои мусалмон, ки роҳбарии ин иттиҳодро шайх Юсуф Карзовӣ бар дӯш дорад, аз 20 то 22-юми март баргузор хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки ин анҷуман дар баробари баҳсу баррасии мушкилоти мусалмонон, бештар дар бораи буҳрони Фаластин ва мушкилоти фаластиниён, аз чумла Қудси шариф тамаркуз хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.