Сулаймон Қаюмов, гумонбаршуда дар куштори Умаралӣ Қувватов изҳор доштааст, ки ӯ аз дасти муҳофизаш кушта шудааст. Ба навиштаи нашриёти туркии
Hurriyet
, гумонбари асосӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов дар баёноти иборат аз 12 саҳифаи худ дар ин бора маълумот додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Қаюмов ҳамаи айбномаҳои ба хӯрок заҳр андохтан қабл аз дар кӯча парронидани Қувватовро рад кардааст.
«Инро ман накардаам. Муҳофизаш (телохранитель) ба ӯ заҳр дод. Ҳангоми куштанаш ман шоҳид набудам. Шахсе, ки маро баъди куштор пайдо кард, ба ман гуфт, ки бигрезам. Аз ин рӯ, ман билет гирифта ба Алмаато парвоз кардам, вале пулиси Қазоқистон вуруди ман ба ин кишварро иҷозат надода, дубора ба Туркия фиристод», – гуфтааст Қаюмов.
Нашрия хабар медиҳад, ки Суҳроб Тӯраев, муҳофизи Умаралӣ Қувватов баъди аз болои қарори суд даъво бурдан аз ҳабс озод карда шуд. Сулаймон Қаюмов барои узвият дар гурӯҳи ҷиноятпеша ва барқасдона даст задан ба куштани одам дар ҳабс қарор дорад.
Мақомоти пулиси Туркия ба ҷустуҷӯи шахсе, ки он шаб Умаралӣ Қувватовро аз силоҳ парронида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, идома медиҳад.
Қаблан дар бораи
боздошти 3 шаҳрванди Тоҷикистон
ба гумони даст доштан дар куштори Қувватов иттилоъ дода шуда буд. То имрӯз 2 нафарашон таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист то анҷоми тафтишот озод гардида, С.Қаюмов дар ҳабс қарор дорад.
Санаи 12 март шӯрои сиёсии созмони «Гурӯҳи 24» расман эълом дошт, ки Шарофиддин Гадоев вориси Умаралӣ Қувватов ва Собир Валиеви 27-сола муовини ӯ таъин шуданд.
Раиси тозаинтихоби «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев изҳор доштааст, ки баъди интишори изҳороти шӯрои сиёсии созмон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ модари Собир Валиев – Сайбибӣ Раҷабоваро барои суҳбат даъват кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар
ба хок супурда шуд.
Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.



