Ду нашрияи Туркия рӯзи 25 март аксҳои афроди гумонбар аз ҷониби мақомоти пулиси Истамбул ба қатли пешвои созмони «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватовро ба нашр расониданд.
Бино ба иттилои
радиои «Озодӣ»
нашрияҳои «Sabah» ва «Aksam» аксҳо аз камераҳои мушоҳидаҳои видеойӣ бо сабти қотилони эҳтимолии Қувватовро чоп кардаанд.
Хабаргузории туркии «
Аксам
» санаи 25 март бо истинод ба сарчашмаҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ному насаби қотилони эҳтимолии пешвои созмони «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватовро ифшо намуд. Аз онҳо Суҳроб Г. ва Баҳодур А. ном бурда мешавад. Ҳардуи онҳо баъди чанд рӯзи ҳодисаи куштор боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, Баҳодур А. ва Сӯҳроб Г. ҳанӯз ду ҳафта қабл аз куштори Қувватов дар кӯчаи Раҳмет Чикмаз дар маҳаллаи Мулло Гӯронии ноҳияи Фотиҳи Истамбул дар ҳамсоягии Сулаймон Қ. (зоҳиран ин Сулаймон Қаюмов – гумонбари асосӣ дар парвандаи қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” мебошад– Озодӣ) манзил иҷора гирифта будаанд ва бахши зиддитеррори пулиси Истамбул, ки масъулияти таҳқиқи парвандаи парвандаи қатли Қувватовро бар ӯҳда дорад, аллакай маълум кардааст, ки онҳо бо Сулаймон Қаюмов робитаи наздик доштанд ва Қаюмов, тавре ташхиси изи ангуштон дар манзили Баҳодур А. ва Сӯҳроб Г. нишон дод, чандин бор дар ин манзил меҳмон шудааст.
Манобеи “Sabah” ва “Aksam” дар пулиси зиддитеррор ҳамчунин гуфтаанд, ки камераҳои назоратӣ дар маҳалли қатли раҳбари мухолифини тоҷик дар маҳаллаи Мулло Гӯронӣ Сӯҳроб Г. ва Баҳодур А.-ро ҳангоми фирор мунъакис кардаанд. Ҳамчунин бо таъқиби биллинги зангҳои задаи Сулаймон Қаюмов пулис маълум карда, ки баъди кушта шудани Қувватов ӯ чанд дафъа маҳз бо ҳамин ду нафар тамос гирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Сулаймон Қаюмов, гумонбаршуда дар куштори Умаралӣ Қувватов
изҳор дошт
, ки ӯ аз дасти муҳофизаш кушта шудааст. Ба навиштаи нашриёти туркии
Hurriyet
, гумонбари асосӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов дар баёноти иборат аз 12 саҳифаи худ дар ин бора маълумот дод.
Пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар
ба хок супурда шуд.
Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.



