Коршинос: Абарқудратон Тоҷикистонро бо таҳдидҳои ДИИШ ва Толибон ба ҳарос меандозанд

Собиқадори мақомоти амнияти давлатӣ, коршиноси мустақили тоҷик оид ба масоили инъикоси терроризм Давлатхоҷа Назиров чунин мешуморад, ки абарқудратони имрӯз, кишварҳое ба монанди ИМА ва Русия ба бештар роиҷ гардидани ба истилоҳ пешгӯиҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ, асосан Тоҷикистон дар бораи оқибати таҳдидҳои созмонҳои террористие чун Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ҳаракати Толибон манфиатдоранд. Дар […]

Аваз Юлдошев



Собиқадори мақомоти амнияти давлатӣ, коршиноси мустақили тоҷик оид ба масоили инъикоси терроризм Давлатхоҷа Назиров чунин мешуморад, ки абарқудратони имрӯз, кишварҳое ба монанди ИМА ва Русия ба бештар роиҷ гардидани ба истилоҳ пешгӯиҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ, асосан Тоҷикистон дар бораи оқибати таҳдидҳои созмонҳои террористие чун Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ҳаракати Толибон манфиатдоранд.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» номбурда дар ин робита изҳор намуд, ки ҳадафи аслии паҳнкунии ин пешгӯиҳо дар бораи таҳдидҳои беруна, ки ба амнияти Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, нарму гапдаро кардани кишвари мо дар роҳандозии масъалаҳои сиёсати минтақавӣ аст.

«Ҳама гуна навъи террористон ба хубӣ огаҳанд, ки аз амнияти Тоҷикистон дар баробари қувваҳои мусаллаҳи миллӣ ҳамчунин пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, кишварҳои узви СААД ва дар баъзе ҳолатҳо кишварҳои узви СҲШ низ ҳимоят мекунанд ва танҳо аблаҳ метавонад бо чунин нерӯҳо ҷанг эълон кунад. ДИИШ ва Толибон дуртар аз Афғонистон қадам намегузоранд», – мутмаин аст коршинос.

Коршинос ҳамчунин илова намуд, ки кайҳост, ки дар қаламрави Афғонистону Покистон пайдо шудани гурӯҳи Хуросони ДИИШ ба қайд гирифта шуда, тӯли солҳои зиёде Толибон он ҷо меҷанганд, вале маротибае ҳам онҳо ба ҳаракат ба дуртар аз ин қаламрав, ба Осиёи Миёна талош наварзидаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.