Боздошти сокини Хуҷанд ба гумони фурӯши маводи мухаддир



Як сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми фурӯши маводи мухаддир дастгир шуд.

Аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки кормандони шуъбаи РВКД дар нақлиёт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 32 солаи шаҳри Хуҷанд А.М.-ро боздошт намуда, аз ӯ 5 килову 450 грамм маводи мухаддири ҳашишро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное