Минтақаҳо намояндагони худ дар Маҷлиси миллиро интихоб карданд



Дар ҳамаи 5 ҳавзаҳои интихоботии ҷумҳурӣ рӯзи 27 март интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ за КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, аз шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, котиби илмии Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ Наргис Раҳмонова, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомов аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд.

Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева, директори литсейи президентии Хоруғ Ҳарамбегим Маҳтобшоева ва раиси ноҳияи Ишкошим Зикрихудо Самадов вакилони Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд.

Вилояти Хатлонро дар даъвати кунунии Маҷлиси миллии кишвар раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси ноҳияи Бохтар Ҷаббори Ғаффор, раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло, раиси ноҳияи Қубодиён Саидумрон Абдураҳмонзода ва раиси шаҳри Норак Миралӣ Раҷабзода намояндагӣ мекунанд.

Аз вилояти Суғд раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Истаравшан Наим Набизода, раис шаҳри Панҷакент Ислом Шафиев ва директори литсей аз шаҳри Исфара Раҳмон Шораҳматов аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав интихоб шуданд.

Дар даъвати ҳозираи Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҷумҳурӣ навоҳии тобеи марказро  раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амир, раиси ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ Саёҳат Дадаҷонова, раиси ширкати давлатии «Роҳи тоҷик» Қурбон Неъматов, раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода ва директори генералии КВД «ТАЛКО» Абдураҳмон Ҷӯраев намояндагӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ) интихоб намуда, 8 нафарро бо фармони худ президенти кишвар таъин мекунад. Нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов бо хоҳиши худ метавонад якумр аъзои палатаи болоии парлумон бошад.

spot_imgspot_img

Популярное