Муовини раиси ҲНИТ: Мо худамон аз саҳнаи сиёсӣ меравем

Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ дар робита ба рӯзи 27 март дар намози ҷумъа дар масҷидҳо садо додани даъватҳо ҷиҳати бастани ҲНИТ изҳор намуд, ки ин кори дасти намояндагони ҳукумат аст. «Агар ҲНИТ дар буҳрони доимии тамоми бахшҳои кишварро фарогирифта, ривоҷи коррупсия дар ҷумҳурӣ, дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани ҳазорон шаҳрвандони […]

Аваз Юлдошев



Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ дар робита ба рӯзи 27 март дар намози ҷумъа дар масҷидҳо садо додани даъватҳо ҷиҳати бастани ҲНИТ изҳор намуд, ки ин кори дасти намояндагони ҳукумат аст.

«Агар ҲНИТ дар буҳрони доимии тамоми бахшҳои кишварро фарогирифта, ривоҷи коррупсия дар ҷумҳурӣ, дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани ҳазорон шаҳрвандони кишвар баҳри дарёфти маоши шооиставу таъмини рӯзгор ва дигар норасоиҳо дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон гунаҳкор бошад, пас бигзор ҳукуматдорон, Шӯрои уламо ва ба истилоҳ ватандӯстони Тоҷикистон инро собит созанд ва сипас мо бо онҳо дар масъалаи ба рушди муътадили кишвар монеъа эҷод кардани ҲНИТ ва зарурати манъи фаъолияти он ба мувофиқа мерасем», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Саидумар Ҳусайнӣ

Муовини аввали раиси ҲНИТ ҳамчунин зикр кард, ки «агар ҲНИТ ба амалисозии нақшаҳои ҳуумат ҷиҳати рушду шукуфоии кишвар, таъмини мардуми он бо зиндагии шоиста халал расонад», пас «мо худамон ба тарки саҳнаи сиёсӣ омодаем».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон


матни мавъизаи намози рӯзи ҷумъа


иборат аз 3,5 саҳифа бо имзои шахсе бо ному насаби А.В.Мавлонов дар ихтиёри «Азия-Плюс қарор гирифт, ки дар он аз даъвати имомхатибон ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сухан меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.