Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори Вазорати корҳои дохилии ҶТ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои президенти мамлакат вобаста ба пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни суханронӣ дар ҷаласа муовини аввали вазир Абдураҳмон Аламшозода чунин иброз дошт: «Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад».
Гуфта мешавад, дар рафти ҷаласа як қатор сардорони раёсат ва шӯъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ оиди иҷрои дастуру супоришҳои президент ва вазири корҳои дохилӣ вобаста ба пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ ва бурдани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ҳисобот доданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар хотимаи ҷаласа Абдураҳмон Аламшозода ба сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мазкур ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дод.



