Бо даъвати лигаи олии Маҳфили ҳозирҷавобони (КВН) Ҷумҳурии Қирғизистон бори нахуст аз Тоҷикистон дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) дар шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Кубоки баҳорӣ»-и ин кишвар иштирок кард.
Тавре Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуотии донишкада хабар дод, ба ин чорабинӣ, ки чун мусобиқаи осиёимиёнагии маҳфили ҳозирҷавобон байни муассисаҳои олӣ маҳсуб меёбад, 22 дастаи дигар аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон низ даъват шуда бданд.
Санаи 29 март дар қасри варзишии шаҳри Бишкек дар ҳузури беш аз 5 ҳазор нафар тамошобинон донишҷӯёни донишкада маҳорати баланди ҳунари актёрӣ, зарофатгӯӣ ва сарояндагӣ нишон дода, дар ҷамъбаст ғолиби мутлақ ва сазовори Ҷоми Маҳфили ҳозирҷавобони (КВН) Ҷумҳурии Қирғизистонро ба даст оварданд. Ҳамзамон 17 дастаи дигар ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.
Сарвари кулли Маҳфили ҳозирҷавобони Ҷумҳурии Қирғизистон Евгений Акопян дар ҷамъбаст ба ҳунарнамоии донишҷӯёни тоҷикистонӣ баҳои баланд дода, қайд кард, ки ягон қувва пеши роҳи дӯстии байни миллатҳоро намегирад ва имрӯз ин чорабинӣ бори дигар ин гуфтаҳоро тасдиқ намуд. Мавсуф ба фаъолияти донишҷӯёни донишкада барор хоста, онҳоро ба озмуни навбатӣ, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Исиқкӯли ин ҷумҳурӣ барпо мегардад, даъват намуд.



