Интиқоди навбатии мулло Абдураҳим аз ҲНИТ



Яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мулло Абдураҳим, феълан омӯзгори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Раҳим Каримов бори навбатӣ алайҳи собиқ ҳамсангарони худ – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Рӯзи панҷшанбе зимни суханронӣ дар семинари «Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди равандҳои номатлуби террористию экстремистӣ» дар Душанбе ӯ даъват кард, ки ҲНИТ созмони террористиву ифротгаро эълон шуда, фаъолияти он дар Тоҷикистон қатъ карда шавад. «Мутаассифона гурӯҳҳои ғайриқонунӣ аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд», – гуфт ӯ.

Ба андешаи Раҳим Каримов, давоми 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ (ӯ дар сафҳои ҲНИТ қарор дошт) ҲНИТ ба сари мардум ғаму кулфати зиёд овард, ки «занони сершумор бева шуда, кӯдакони зиёде ятим монданд».

Дар робита ба гурӯҳҳои ифротгаро гаравидани ҷавонон Р.Каримов зикр кард, ки: «Он гурӯҳҳое, ки аз номи Ислом ҳарф зада, ба сӯи Ислом гуфта, ба ҷиҳод даъват мекунанд, ин даъват ба сӯи шайтон аст».Ӯ ҳамчунин, аз ояту ҳадисҳои «Қуръон»-и карим ҳарф зада, зикр кард, ки «Ислом – раҳм аст!».

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон низ Каримов ҳамроҳ бо раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни суханронӣ дар шабакаҳои телевизони давлатӣ зарурати аз номи ҲНИТ «ҳазф» шудани калимаи «ислом»-ро таъкид дошта буд. Раҳим Каримов як муддате раҳбарии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳуриро ба уҳда дошт.

spot_imgspot_img

Популярное