Боздошти як зани тоҷик дар Ярославл бо кӯдаки навзод дар дохили борхалтаи селлофанӣ

Мақомоти пулиси шаҳри Ярославли Русия як зан, шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳамлу нақли тифли навзод дар дохили борхалтаи селлофанӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои хабаргузории Новости онлайн -76.ru , рӯзи якшанбе мусофирони нақлиёти мусофирбар (маршрутка)-и рақами 90 аз рафтори зане, ки кӯдакро бо худ дар дохили борхалат селлофанӣ мебурд, ба изтиробу тааҷҷуб омадаанд. «Дар истгоҳи назди […]

ASIA-Plus



Мақомоти пулиси шаҳри Ярославли Русия як зан, шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳамлу нақли тифли навзод дар дохили борхалтаи селлофанӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории

Новости онлайн -76.ru

, рӯзи якшанбе мусофирони нақлиёти мусофирбар (маршрутка)-и рақами 90 аз рафтори зане, ки кӯдакро бо худ дар дохили борхалат селлофанӣ мебурд, ба изтиробу тааҷҷуб омадаанд.

«Дар истгоҳи назди бемористон зане бо ду борхалтаи селлофанӣ ба дохили нақлиёт ворид шуда, дар истгоҳи «Лакокраска» дар дохили нақлиёт гиряи тифл садо дод. Марди дар паҳлӯи ин зан нишаста фарёд кард, ки «нақлиётро нигоҳ доред, дар дохили ин борхалта кӯдак ҳаст» ва танҳо баъди ин мусофирон (15 нафар) ба аз куҷо баланд шудани садои кӯдак сарфаҳм рафтанд. Ин занро борхалтаро гирифта, ба зонуи худ гузошт. Вақте мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват карданд, маълум шуд, ки тифл шашрӯза буда, ин зан барои шахсияти худ ва тифлаш ҳуҷчат надоштааст», – навиштааст бобати ин ҳодиса дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ Анжелика Мова.

Гуфта мешавад, дар шуъбаи пулис ошкор гардидааст, ки зани боздоштшуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, баъди муайян кардани шахсияташ ӯро бо тифлаш ба бемористон баргардонидаанд. Пулис аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот оғоз намудааст. Нисбати ин зан мутобиқи моддаи «иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ» боз шудани парвандаи ҷиноӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин модда маҳрумият аз озодӣ то се сол пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.