Намояндаи доимии БҶ бо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо дар Суғд шинос шуд

Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  дар  Тоҷикистон Патрисия  Виверс-Картер  бо  мақсади  муҳокимаи  рафти  татбиқи  лоиҳаҳои  тавассути  бонк дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, нақлиёт ва рушди бахши хусусӣ маблағгузоришуда  бо  мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  ва  баҳрабарандагон  дар вилояти Суғд аввали ҳафтаи сипаришуда ба ин минтақаи Тоҷикистон ташриф овард. Аз намояндагии БҶ дар Тоҷикистон ба […]

Иттилоияи расмӣ



Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  дар  Тоҷикистон Патрисия  Виверс-Картер  бо  мақсади  муҳокимаи  рафти  татбиқи  лоиҳаҳои  тавассути  бонк дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, нақлиёт ва рушди бахши хусусӣ маблағгузоришуда  бо  мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  ва  баҳрабарандагон  дар вилояти Суғд аввали ҳафтаи сипаришуда ба ин минтақаи Тоҷикистон ташриф овард.

Аз намояндагии БҶ дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Хонум  Виверс-Картер  зимни вохӯрӣ бо раҳабрияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи Гуруҳи Бонки ҷаҳониро дар самти идомаи дастгирии 

ислоҳот дар бахши хусусӣ бо мақсади ташкили ҷойҳои корӣ, аз он ҷумла равона намудани диққат ба беҳсозии хизматрасониҳои коммуналӣ ва иҷтимоӣ бори дигар тасдиқ намуд.

Гуфта мешавад, дар қаламрави вилояти ӯ бо ҷараёни лоиҳаҳои маблағгузории сарикасӣ дар соҳаи маориф, беҳсозии хизматрасониҳои тиббӣ, лоиҳаи  кӯмаки  суроғавии  иҷтимоӣ, идоракунии захираҳои оби водии Фарғона, Марҳилаи дуввуми барномаи беҳсозии роҳҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ ва дастгирии корхонаҳои хурд ва миёна тавассути қарздиҳӣ шинос шуда, бо мақсади муҳокимаи мушкилот ва имкониятҳои рушд бо  донишҷӯёни  донишкада  ва  ташкилотҳои  маҳаллии  ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯриҳо баргузор намуд.    

Дар баррасии масъалаи маблағгузории сарикасӣ, ки бо мусоидати БҶ дар бахши маориф мабалғгузорӣ мешавад, зикр гардид, ки он ба  мактабҳо имкон медиҳад, ки  дар тақсимоти  буҷети  худ  салоҳияти  бештар  дошта  бошанд  ва  ислоҳоти  мазкур  боиси  тақсимоти баробар  ва  шаффофи  маблағҳо  байни  минтақаҳо  мегардад. Маблағгузории  сарикасӣ  барои  мактабҳои  таҳсилоти  умумӣ  соли  2010  дар  саросари  ҷумҳурӣ  пиёда 

гардид.

Роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ бо  кишоварзоне  вохӯрд,  ки  аз норасоии оби ирригатсионӣ барои заминҳои худ танқисӣ мекашиданд, тавассути таҷдиди инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкаш дар доираи  Лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 24,17 млн. доллари ИМА маблағгузоришуда  баҳра бурданд.  Лоиҳа дар беҳтар намудани обёрии тақрибан  7,349  гектар замин тавассути барқарорсозии дастгоҳҳои обкашӣ, чоҳҳо ва инфрасохтори  заҳбуру  заҳкашӣ,  тозакунии  наҳрҳо  ва  барқарорсозии  соҳили  онҳо  мусоидат  намуд. 

Шумораи  умумии  баҳрабарандагони  лоиҳа  2,134  хоҷагиҳои  хонагиро  дар  ду  ноҳия  ташкил  медиҳад. Ғайр аз ин, лоиҳа дар ташкил намудани ду Ассотсиатсия истифодабарандагони об кӯмак расонид лоиҳа дар таҳкимбахшии низоми огоҳкунии бармаҳал дар обанбори Қайроққум бо мақсади пешгирӣ намудани обхезиҳо мусоидат намуд.

Сандуқи фаъоли Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 21 лоиҳаро дар бар мегирад, ки маблағи умумии онҳо  283,4  миллион  долл.ИМА-ро  ташкил  медиҳад.  Ҳиссаи бузургтарини  сандуқ  ба  соҳаи  кишоварзӣ рост  меояд  (24  фоиз),  баъди  он  рушди  шаҳр  ва  деҳот  (21  фоиз),  нақлиёт  (16  фоиз),  идоракунӣ  ва сиёсати иқтисодӣ  (9  фоиз), муҳити зист ва захираҳои табиӣ  (7  фоиз),  маориф  (6  фоиз),  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  (6 фоиз), 

обтаъминкунӣ  (6 фоиз), бахши хусусӣ  (4 фоиз)  ва ҳифзи иҷтимои ва меҳнат  (1 фоиз)  қарор ёфтаанд.  Аз соли  1996  инҷониб,  Бонки ҷаҳонӣ зиёда аз $1 миллиард доллари ИМА-ро дар шакли  грант  ва  қарзҳои  имтиёзнок  тавассути  Ассотсиатсияи  байналмилалии  рушд  ва  захираҳои фондҳои мақсаднок ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.