Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе

Имрӯз аз фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД) дар семоҳаи аввали соли 2015 натиҷагирӣ шуд. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод,  дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввал дар ин робита қайд гардид, ки фурудгоҳи Душанбе бо 17 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ намуда дар семоҳаи аввал ба 992 адад ҳавопаймоҳои гуногунтамға хизматрасонии техникӣ кардааст. Дар семоҳаи […]

Иттилоияи расмӣ



Имрӯз аз фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД) дар семоҳаи аввали соли 2015 натиҷагирӣ шуд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод,  дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввал дар ин робита қайд гардид, ки фурудгоҳи Душанбе бо 17 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ намуда дар семоҳаи аввал ба 992 адад ҳавопаймоҳои гуногунтамға хизматрасонии техникӣ кардааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2015 ба 240,574 нафар мусофир, аз ҷумла ба 126,504 нафар мусофири рафта ва 114,070 мусофири омада хизматрасонӣ карда шудааст. Рейсҳои доимӣ 1482  ададро ташкил кард. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе дар семоҳаи аввали соли 2015 – 458т.827кг. ро ташкил дод.

Ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15,645,125 сомонӣ пардохт шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,208,380 сомонӣ зиёд аст. Чун ҳарвақта тариқи толорҳои VIР ва СIР  ба 3252 нафар мусофир хизматрасонӣ карда шудааст. Дар семоҳаи аввали соли 2015 оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 344 эрод ворид шудааст, аз ин миқдор 335 эрод қонеъ гардонида шуда, 9 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. 

Муколама миёни фурудгоҳ ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ паҳлӯи муҳими ҳаёти фурудгоҳ ба ҳисоб меравад. Аз миқдори умумии мактубҳои воридшуда 552 мактуб баррасӣ гардида, ба онҳо ҷавоб дода шудааст, 55 мактуб барои корбарӣ ва маълумот ва 96 мактуб таҳти баррасӣ қарор дорад.

Дар рӯзҳои сард ва боришоти барф  хати парвозу нишаст ва майдони аэродром аз барф сари вақт  тоза карда шуда, ҳолатҳои монеа шудан ба қабулу парвози тайёраҳо роҳ дода нашудааст. Ҳавопаймоҳо дар рӯзҳои сард бо моеъи махсуси зидди барфу ях коркард шуда ба парвоз омода карда мешуданд.

Майдонҳои назди фурудгоҳ сабзазор шуда, дарахтони ороишӣ, гулу буттаҳои гуногун шинонида шуданд. Инчунин бо ба истифода додани терминали нави фурудгоҳ сатҳи хизматрасонӣ ба маротиб боло рафта арзу шикояти мусофирон бобати хизматрасонӣ қариб аз байн рафт. 

Вазъи кунунии фаъолияти ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе», чун корхонаи мустақил, нишон медиҳад, ки  сарфи назар аз мушкилоти пешомада корхона фоидаовар аст, сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ тамоюли беҳбудӣ доранд, Фурудгоҳ дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд. Албатта таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ ба тамоми самтҳои  фаъолияти корхона бетаъсир нест,  ба он нигоҳ накарда фурудгоҳи Душанбе назди худ вазифа гузоштааст нақшаҳои кориро саривақт иҷро намояд.

Барои семоҳаи дуюми соли  2015 дар назар аст сохтмони терминали боркашонӣ оғоз гардад, хизматрасониҳои фурудгоҳ диверсификатсия шуда, пардохтҳо аз ҳисоби фаъолиятҳои ғайриавиатсионӣ зиёд карда шавад.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2015 Вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалзода иштирок намуда, зимни баромади худ қайд намуд, ки фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамчун дарвозаи кишвар бояд сатҳу сифати хизматрасониҳоро боз ҳам беҳтар намояд ва барои санҷиши навбати Комиссияи ИКАО омодагии пурра дошта бошад. Вазири нақлиёт чанд пешниҳоди муфид кард, аз ҷумла иброз намуд, ки  дар фурудгоҳ Комиссияи доимоамалкунандаи одоб таъсис дода шуда, масъалаи омодагии кадрҳои соҳа дар мадди назари аввал гузошта шавад. «Бояд миёни кишварҳои Аврупо ва Душанбе, инчунин Душанбею кишварҳои Осиё парвозҳои доимӣ ташкил карда шавад, – гуфт Шералӣ Ганҷалзода.

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар семоҳаи аввали соли 2015 якҷоя гузашт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.