Дар Тоҷикистон айни замон 849 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 боқӣ мондаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ маълумот доданд.
Раиси Шӯрои мазкур Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали сол дар Тоҷикистон 926 собиқадорони ҶБВ ба сар бурда, то имрӯз шумори онҳо то 849 нафар кам шуд.
Дар ҳамин ҳол, Р.Қудратов иброз дошт, ки феълан дар Тоҷикистон тақрибан 2518 нафар коргарони ақибгоҳи ҶБВ ва 16 нафар шаҳрвандон аз «оилаҳои дар ҶБВ ҳалокшуда» иқомат доранд.
Ӯ хотиррасон намуд, ки солҳои ҶБВ беш аз 270 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҳимояи ватан сафарбар шуда, зиёда аз 100 ҳазор нафарашон аз майдони набард барнагаштанд. Барои Тоҷикистони тибқи барӯйхатигирии аҳолии соли 1939 гузаронидашуда, ки дорои якуним миллион нафар аҳолӣ буд, ин талафоти бузург маҳсуб меёфт. 54 нафар иштирокчиёни ҶБВ аз Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати Русия се нафар собиқадорони ҶБВ аз Тоҷикистонро ба Маскав барои иштирок дар гузашти низомии идонаи рӯзи 9 май бахшида ба 70-умин согарди Ғалаба дар ҶБВ
даъват кард.
Боз ҳафт нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистонро ҳукумати Русия барои иштирок дар Базм (бал)-и ғолибон, ки рӯзи 9 май низ дар шаҳри Маскав доир мегардад, даъват намудааст.


