Боздошти соҳибкорзан дар бозори «Корвон» барои фурӯши соатҳо бо доллар

Санаи 8 апрел дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия соҳибкорзани 41-сола, сокини шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, гумонбаршуда дар ин рӯз дар нуқтаи савдояш, воқеъ дар бозори “Корвон”, ҳангоми фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ, ба ивази 2 соати тилло аз […]

ASIA-Plus



Санаи 8 апрел дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия соҳибкорзани 41-сола, сокини шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, гумонбаршуда дар ин рӯз дар нуқтаи савдояш, воқеъ дар бозори “Корвон”, ҳангоми фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ, ба ивази 2 соати тилло аз харидор 9 ҳазору 800 доллари амрикоӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер