Тӯли 3 моҳи соли равон дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 38 нафар гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории норасии муҳассали масуният( ВНМО/БНММ, ВИЧ/СПИД) ошкор карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар зиёдтар аст.
Директори Маркази мубориза ва пешгирии бемории ВНМО/БНММ дар минтақаи Кӯлоб Тоҳир Туманов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз шумори умумии ба ин беморӣ гирифторшудагон 26 нафарашон мардон мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, вазъ аз он ташвишовар мегардад, ки ахиран шумори занони синнусоли қобили таваллуд (репродуктивӣ)-и гирифтор ба ин беморӣ меафзояд ва миёни 38 нафари беморони имсол ва соли гузашта ошкоршуда низ 12 нафарро занон ташкил медиҳанд.
«Тамоили дигари ташвишовар он аст, ки сафи афроди тариқи алоқаи ҷинсӣ ба ин беморӣ гирифторшуда низ афзуда, дар семоҳаи аввал ба 32% аз шумори умумӣ баробар аст. Қаблан маъмулан шумори шахсони тариқи сӯзандору ба ин беморӣ мубталошдуа зиёдтар буд», – иброз дошт номбурда.
Тибқи маълумоти Туманов, аз оғози сол 60 нафар ин гуна беморон барои муолиҷа қабул шуда, 1 нафар аз онҳо фавтидааст. «Ба санаи 1 апрели соли 2015 (дар маҷмӯъ аз оғози бақайдгирӣ) шумори умумии беморони гирифтори ВНМО/БНММ дар минтақаи ҷануби кишвар 913 нафарро ташкил медиҳад, ки 206 нафари онҳо фавтидаанд.


