Суғд: Пули нав қаламрави наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистонро мепайвандад

Date:



Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сохтмони пули нави дарозиаш 28 метру бараш 2 метр дар арафаи анҷомёбист, ки ду деҳаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад.

Аз бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бунёди купрӯк бо дастгирии молиявии Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон ва Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳукуматдорони маҳаллӣ амалӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, сохтмони пул дар доираи лоиҳаи «Дастгирии сохторҳои ниҳодӣ дар сатҳи ҷамоатҳо бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои ҳадафноки Осиёи Марказӣ» сурат  гирифта, деҳаи Қӯрғончаи Тоҷикистонро ба яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон бо ҳам мепайвандад.

«Бунёди пул дар доираи ёддошти баимзорасида миёни Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Олмон анҷом дода шуда, барои сохтмони он беш аз 50 ҳазор евро маблағ ҷудо шудааст», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...